ИФТИТОҲИ РАСМИИ ПОРТАЛИ САВДОИ ТОҶИКИСТОН

0
123
26 апрели соли 2019 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи расмии Портали савдои Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардида, дар меҳмонхонаи “HYATT Regency” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, инчунин намояндагони Корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабиниро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Портали савдои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти иқтидори содирот ва соддагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст.

Зикр гардид, ки Портали савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии кишвар буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд имконияти гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии 39 гурӯҳи молӣ баробар ба тахминан 1500 молу маҳсулот фароҳам меоварад.

Дар рафти чорабинии мазкур видеоролик ва рӯнамои Портали савдои Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ гардида, Завқизода З. А. ва намояндагони шарикони рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дафтари барномаҳои ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон/SECO, Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Барномаи Рушди СММ дар панели сатҳи баланд дар мавзӯи “Рақамкунонӣ ва соддагардонии расмиёти савдо бо ҳадафи пешбурди самараноки тиҷорат” иштирок ва муҳокимаронӣ намуданд. 

Дар охири чорабинӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо пахши тугмача Портали савдои Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуда, дастрасии истифодабарии онро ба ҳама эълон намуд.