Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон

      Душанбе, 24 июли соли 2025. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок ва суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.

      Дар кори Форум, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳар ду кишвар иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда мебошад.

      Зимни суханрониҳои худ, муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи мутақобила ва баровардани ин муносибатҳо ба сатҳи сифатан навро таъкид намуда, омодагии қавии худро ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд.

      Дар ҷараёни кори Форум пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, саноат ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

      Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум, мулоқотҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони ду кишвар ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ баргузор гардида, ҷонибҳо роҳҳои амалии татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ ва мувофиқа карданд.

      Инчунин, доираҳои соҳибкории Муғулистон аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварда, байни ҷонибҳо як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

      АКСҲО:

      24.07.2025
      191
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО