Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Noble Group» ва «Deutsch Bank»

0
174
Санаи 13 майи соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Ф. М. бо намояндагони ширкатҳои сармоягузории байналмилалии хориҷӣ, аз ҷумла Луи Фел - директори минтақавии ширкати байналмилалии «Noble Group», Алекс Махлер - роҳбари департаменти қарздиҳии бонки «Deutsch Bank» ва Винит Лахани - намояндаи ширкати байналмилалии «Noble Group», баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ширкати байналмилалии «Noble Group» яке аз ширкатҳои пешрафтаи таъминкунандаи маҳсулотҳои энергетикӣ, ашёи хоми саноатӣ дар минтақаи Осиё мебошад. Ширкати мазкур давоми 12 сол боз бо Ширкати Алюминийи Тоҷик «ТАЛКО» ҳамкорҳои иқтисодӣ дорад.
Зимни вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба намояндагони ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ муаррифӣ карда шуд. 
Аз ҷониби намояндагони ширкати байналмилалии «Noble Group» ва бонки «Deutsch Bank» ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд изҳори ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон маҷмӯи маводҳои имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва фитта оид ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ тақдим карда шуд.