Ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи Кумита

0
683
Санаи 16 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи Кумита доир гардид. 
Дар ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумита муҳтарам Фаррух Ҳамрализода вобаста ба масъалаҳое, ки санаи 10 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар баён доштанд, натиҷагирӣ намуданд.
Раиси Кумита таъкид намуданд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Кумита баррасии фаъолияти Кумита дар даҳ соли охир ва супоришиҳои Пешвои миллат, аз ҷумла вобаста ба беҳтарсозии фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ, ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, дар самти ба роҳ мондани низоми нави электронии фаъолият,ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии кишвар муҳим мебошад. 
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои супоришҳои дар боло зикргардида, аз ҷониби Кумита Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, баҳри иҷрои бандҳои дахлдори он ба масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Дар охир Раиси Кумита муҳтарам Фаррух Ҳамрализода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи Кумита супоришҳои мушаххас доданд.