Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди соҳибкории инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ»

0
79
Бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №624 «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва аз 1 марти соли 2019, №95 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 29 майи соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони масъули масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа, Палатаи савдо ва саноат, Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналхалқӣ (JICA), Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, КВД «Тоҷинвест» ва «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди соҳибкории инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ» баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита, корманди Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” инчунин, коршиноси варзида дар самти соҳибкории инноватсионӣ раҳбари ширкати «East West Digital News» Адриан Хенни муаррифии лоиҳаи «ташкили хизматрасонии IT outsource» дар Тоҷикистон ҷиҳати муҳаё сохтани ҷойҳои корӣ барои мутахассисони баландихтиссос дар самти технологияҳои инфарматсионӣ барои ширкатҳои бонуфузи байналмиллалӣ ба монанди Intel, Microsoft, Google ва ғайра пешниҳод карда шуд.
Пас аз муарифнома байни иштирокчиён ва меҳмонон саволу ҷавоб, музокирот ва табодули афкор сурат гирифт. Иштирокчиён аз чорабинӣ вобаста ба муаррифии лоиҳаи «Ташкили хизматрасонии IT outsource» дар Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ барои мутахассисони баландихтиссос дар самти технологияҳои инфарматсионӣ барои ширкатҳои бонуфузи байналмиллалӣ ба монанди Intel, Microsoft, Google маълумоти пурра гирифтанд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавқовар арзёбӣ гардид.