Тасвиби Созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
183

7 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби вакилони мардумӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе, ки 25 апрели соли 2019 ба имзо расонидааст, ба тасвиб расонида шуд.


Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ” амалӣ карда шуда, таҷҳизоти барои корхона насбшаванда истеҳсоли ширкатҳои аврупоӣ мебошад.  

Ҳаҷми умумии маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда дар маҷмуъ истеҳсоли 16,2 млн. литр оби нӯшокии газнок ва бегаз, маҳсулоти машруботиро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.