Баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ

0
117

Санаи 10 июни  соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта баргузор карда шуд.

Дар марҳилаи татбиқшавии Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҷамъият корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи  1,2 млн. тонна ва истеҳсоли халта 80 млн. дона  сохта ба истифода дода мешаванд. Барои амалигардонии ин иқдом 100 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд.