Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея

0
188
Дар доираи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2019 №22/10-255 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 июли соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
Форуми соҳибкоронро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Ҳамрализода ва Комисари доимии комиссияи тиҷоратии Корея, муовини Вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея муҳтарам Канг Мёнг Су оғоз намуданд.
Қайд гардид, ки форуми имрӯза барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвар манфиатбахш буда, бори дигар исбот менамояд, ки ҷонибҳо ба пешбурди воқеии ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ ва тақвият додани гардиши савдои байниякдигарӣ манфиатдор мебошанд.
Мавриди тазаккур ва ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳануз аз 28 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.
Ҳаҷми савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея дар 5 моҳи соли 2019 12,9 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз он 12,9 млн. доллари америкоӣ ва ё 100 фоизро воридот ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли 2018 9,3 млн. доллари америкоиро ташкил додааст, ки аз ин 9,3 млн. доллари америкоӣ ва ё 100 фоизро воридот дар бар мегирад. (Нисбати 5 моҳи соли 2018 ҳаҷми гардиши савдои ду кишвар дар 5 моҳи соли 2019 дар ҳаҷми 3,6 млн. доллари америкоӣ зиёд гардидааст).
Ин нишондиҳандаҳо намояндагони ҳар ду кишварроқаноатманд карда наметавонанд ва мо ҳавасмандем, ки ҷалби сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Корея ҳарчи бештар бошад. Барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ду ҷониб захираҳои калон мавҷуд мебошад, ки дар солҳои наздик зарурати инкишоф додани он ба миён омадааст ва тавофуқоти дар рафти ин форумҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуну мундариҷаи нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ такон хоҳад дод.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар оғози Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ баргузор гардида, соҳибкорон ва корхонаю ширкатҳои ватанӣ молу маҳсулотҳои худро ба самъи ҳамагон муаррифӣ намуданд.
Тибқи барнома дар вохурӣ аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷинвест” муаррифномаи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуд. Инчунин, 4 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати кореягӣ фаъолияти мувафақи худро тавасути рунамо ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинӣ соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Корея, аз ҷумла саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, роҳбарон ва масъулони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи андоз, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Маркази татқиқоти стратегӣ, ШСХ “Барқи Тоҷик”, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷинвест”, КВД “Хӯрокворӣ”, донишгоҳҳои олӣ ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Корея низ иштирок намуданд. 
Дар доираи форуми мазкур соҳибкорону сармоягузорони Корея ба Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистон” ва Иттиҳодияи истеҳсолии “Насоҷии Тоҷик” ташриф оварда, ба раванди фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Иштирокчиёни форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба ифоқа омаданд, ки мунтазам чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро баргузор менамоянд ва ҷиҳати густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ як силсила иқдомҳои ҳадафмандро дар бахшҳои ояндадор аз қабили саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ, алоқа, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулот, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. 
Ҳамзамон, дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Корея “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо   мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.