Конфронси байналмилалӣ «Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои бонувони соҳибкор дар Тоҷикистон»

0
32
Санаи 4-уми июли соли 2019 дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои бонувони соҳибкор дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мақсад аз чорабинӣ муаррифии самараҳои Барномаи БАТР «Бонувон дар тиҷорат», ки моҳи сентябри соли 2017 ифтитоҳ гардина буд, маҳсуб меёбад.
Барномаи мазкур ба таъмини дастрасии васеи бонувони соҳибкор ба воситаҳои молиявӣ ва инчунин бизнес-машваратҳо барои мусоидат ба рушд ва баланд бардоштани рақобатпазирии фаъолияти соҳибкории онҳо равона карда шудааст. 
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қайд карданд, ки Бонки аврупоии таҶдид ва рушд яке аз аъзоёни фаъоли Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҶикистон мебошад. Тавассути амалигардонии барномаи мазкур Бонк ҳамчун шарики боэътимоди Ҳукумати кишвар ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гурӯҳи корӣ, яъне таъмини сарчашмаҳои молиявӣ ва тақвият бахшидани малакаҳои соҳибкории бонувони соҳибкор ба фаъолияти созандаи соҳибкорзанон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият ёфтани имкониятҳои иқтисодии онҳо мусоидати амиқ менамояд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ-аъзои Гурӯҳи корӣ, шарикони рушд, коршиносони байналмилалии Бонк аз кишварҳои хориҶӣ ва бахши хусусӣ, аз Ҷумла манфиатбардорони Барномаи “Бонувон дар тиҷорат” иштирок варзида, оид ба самараҳо, таҷрибаи андухта, мушкилоти бамиёномада, роҳҳои ҳалли онҳо ва марҳалаи минбаъдаи татбиқи барнома бо васеъ намудани шумораи бонувони соҳибкори манотиқи гуногуни кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Дар хотимаи қисми расмии конфронс Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оғози марҳалаи дуюми Барномаи “Бонувон дар тиҷорат”-ро эълон карда, аз бонувони соҳибкори кишвар ва соҳибкорони муваффақ ба ҳайси менторон ва ментиҳо барои иштироки фаъол дар он даъват ба амал оварда шуд. 
         Инчунин кормандони фаъоли ташкилоти молиявии қарзие, ки дар марҳалаи аввали ин барнома иштирок карда, ба бонувони соҳибкор барои дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок мусоидат намуданд, бо раҳматномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Новость отредактировал: admin - 15-08-2019, 13:57