Ҷаласаи васеъ оид ба таҷлили 28 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
102
Санаи 5 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Кумита муҳтарам Фаррух Ҳамрализода нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе иншоотҳои бузургу миёнаи таъиноташон гуногун бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Бахусус қайд намуданд, ки ба шарафи ин ҷашни муқаддаси миллиамон агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода мешавад, ки қабл аз ҳама бо азм ва ҷаҳду талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада истодааст. 
Инчунин, ибрози назар карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сиёсати сулҳҷуёнаву хирадмандонаи Пешвои миллат сол ба сол зеботару шукуфотар гардида, аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ бо суръат рушд карда обрую эътибори он дар арсаи байналмилалӣ рузафзун боло меравад. 
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Кумита барои дар амал ва муҳлати кутоҳ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода, бори дигар  ба ҳозирин иқболи нек, сарбаландию хонаободӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неки созанда ба нафъи давлату миллат пешрафту комёбиҳо орзу намуданд.