Семинар-машварат дар мавзӯи “Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ

0
70
Санаи 5 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита семенар- машварат доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар Кумита ҷорӣ намудани “Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ” маҳсуб меёбад.
 Дар ҷаласа Раиси Кумита муҳтарам Фаррух Ҳамрализода қайд намуданд, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим ба ҷумҳурӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифта, дар муҳлатҳои муқарраршуда ҷиҳати иҷрои он дар самти такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Сипас, изҳор доштанд, ки бо мақсади амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 31 октябри соли 2018 таҳти №519 ”Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар Кумита барномаи системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ” ба истифода дода мешавад, ки ҷорӣ намудани системаи мазкур метавонад самаранокии фаъолият, аз ҷумла коргузориро афзун намояд.Вобаста ба ин аз ҷониби сардори шуъбаи умумӣ ва назорати Кумита Шарофат Маматқулова муаррифнома оид ба барномаи “Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ” оид ба принсипҳо, омилҳои асосӣ, афзалияти барнома, коркарди ҳуҷҷатҳо, нақшаи гардиш, азназаргузаронӣ ва назорати иҷрои ҳуҷҷатгузории электронӣ тавассути рӯнамо ба ҳозирин манзур карда шуд. 
Дар охир  Раиси Кумита барои дар амал ва муҳлати кутоҳ татбиқ намудани барномаи зикргардида дастурҳои мушаххас доданд.