Сафари ҳайати иқтисодии Тоҷикистон ба Фаронса ва Швейтсария

0
71
    Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 23-27 сентябри соли 2019 ҳайати иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ба Ҷумҳурии Фаронса ва Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.
    Дар доираи ин сафар рӯзҳои 23-24 сентябри 2019 ҳайати иқтисодии Тоҷикистон аз минтақаи кӯҳистони Алпи Фаронса - Савойя дидан намуд. Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Шамберӣ бо намояндагони кластери кӯҳии Фаронса, аз ҷумла ширкатҳои “Savoie Mont Blanc”, “MND Group”, “POMA”, “GEODE”, “ADC Architectes”, “Agence Alps” вохӯрӣ кард. 
   Дар коммунаи Осуа намояндагони Тоҷикистон бо имкониятҳо ва модели иқтисодии коммунаи мазкур, инчунин иншоотҳои сайёҳиву варзишӣ ва мавзеъҳои таьрихиву фархангӣ шинос шудаанд. 
    Рӯзи 25 сентябри 2019 дар шаҳри Париж таҳти ҳамраисии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ва раиси Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) Кристоф Фонтайн ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса барпо шуд.
   Дар рафти ҷаласа, аъзои ҳайати Тоҷикистон ба ҳозирин фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, имконоти сайёҳӣ, бахшҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, сиёсати андозбандӣ, бонкӣ ва қарзӣ ва талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро муаррифӣ намуданд.
   Қобили зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса, Агентии Фаронса оид ба рушд, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ширкатҳои “Schiver”, “Thales International”, “Trartebel Ingineering”, “BRL Ingenerie”, “EDF”, “Fives” ва “IDF Radiocom Services” иштирок ва суханронӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.
    Инчунин, дар чаҳорчӯби нишаст вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати иқтисодии Тоҷикистон бо намояндагони ширкату корхонаҳои фаронсавӣ баргузор гардида, вазъи кунунӣ ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
   Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябри 2019 дар шаҳри Париж дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ҳайати ҳамроҳ бо роҳбарияти ширкатҳои “FIVES” ва “THALES” барпо гардид. 
   Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз мулоқоти Фаррух Ҳамрализода бо ноиби котиби давлатии Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса хонум Клара Шеремитинскӣ баргузор гардид, ки дар масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, сайёҳӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
    Сипас, вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори департаменти аврупои Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Фредерик Мондолонӣ доир гашт. 
     Таърихи 26 сентябри соли ҷорӣ сафари ҳайати иқтисодии кишвар ба шаҳри Тсюрихи Конфедератсияи Швейтсария сурат гирифт.
Зимни сафари мазкур,  вохӯриҳои ҳайати кишвар бо Директори иҷроияи Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва давлатҳои ИДМ/Гурҷистон - Дорит Салис, бо Директори бозорҳои рушдёбанда ва лоиҳаҳои махсуси сайёҳии Швейтсария (Switzerland Tourism) - Федерико Сомаруга ва бо аъзои Шӯрои директорон ва сардори Раёсати содироти Агентии рушди содироти Швейтсария, Мартин Гмур мулоқотҳо анҷом дод.
    Дар доираи вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати иқтисодии Тоҷикистон бо намояндагони ширкату корхонаҳои Фаронса ва Конфедератсияи Швейтсария ба доираҳои ҳавасманди сармоягузорӣ бастаи маълумоти чопӣ ва электронӣ оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида, лоиҳаҳои ҷолибнок барои сармоягузорӣ, наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ дастрас карда шуд.