Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019

0
94
Санаи 7 октябри соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки раиси Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Кумита, сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара “Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли ҷори” баргузор гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси Кумита Аҳмадзода Орзу Ҳусейн ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 баён гардид.