Баргузории маҷлиси тантанавӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
139
Имрӯз  дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита доир гардид.
Маҷлисиро Муовини якуми Раиси Кумита Шараф Шерализода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ёдрас намуданд, ки бистуҳашт сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ва бо қабули Конститутсия дар соли 1994 истиқлолияти бадастовардаи худро таҳким бахшид.Маҳз бо сиёсати хирадмандонаю сулҳпарвар ва ҷаҳду талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта, аз лиҳози иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳагӣ дар байни кишварҳои мутараққӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст.
Сипас, Ёрдамчии Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмӣ ҳуқуқ, муҳтарам Темиров Валӣ дар доираи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шакли идораи президентӣ баромад карда, аз меҳнати шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Муовини якуми Раиси Кумита Шараф Шерализода бори дигар  ба ҳозирин иқболи нек, сарбаландию хонаободӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неку созанда пешрафту комёбиро таманно намуданд.