Баргузории ҷаласаи 1-уми фосилавии Шӯрои машваратӣ

0
142


22 ноябри соли 2019 таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид ҷаласаи 1-уми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд. 


Нахуст, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, бартараф намудани мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баргузор намудани ҷаласаҳои фосилавии Шӯрои машваратӣ ва баррасии вазъи иҷрои қарорҳои Шӯро тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар ин робита, санаи 3 апрели соли 2019 баргузор гардидани ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» ёдрас гардид.

Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар ин робита татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ, ки ба ин мақсад равона гардидааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. 


Вобаста ба масъалаи зикршуда, тибқи банди якуми рӯзнома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, ки заминаи ҳуқуқии таъсиси Шӯроҳои минтақавию маҳаллиро моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” пешбинӣ намуда, вобаста ба ин масъала дар ҷаласаҳои VII, XIV, XV, XVIII  ва XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ва чорабиниҳои сатҳи олии Президенти мамлакат бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон дастуру супоришҳои дахлдор дода шудааст. 

Дар ин замина Шӯроҳои машваратии назди раисони вилоятҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ таъсис ёфта,  шумораи умумии онҳо дар солҳои 2018 - 2019 аз 40 то ба 69 адад расонида шудааст. 

Дар баромад, масъалаҳои  роҳандозии усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, аз ҷумла яке аз усулҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар сатҳи маҳал  қайд карда шуд. 

Вобаста ба масъалаи якум, инчунин Роҳбари Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони  шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон муҳтарам Умед Шомуродов, Муовини Намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наока Такасу  баромад намуданд. 


Тибқи банди дуюми рӯзнома муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,   Шерализода Шараф вобаста ба масъалаҳои сармоягузорону фаъолияти соҳибкорон, тамоюли ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, масъалаҳои таҳкими механизмҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва сармояи дохилӣ ба татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат дар самти таъмини рушди иқтисодиёт гузориш дод. 

Дар робита ба банди дуюми ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Ян Питер Олтерс, Директори генералии ширкати “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон, Роҳбарии намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Айтен Рустамова баромад намуданд.


Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид дар рафти ҷаласа ҳамчунин роҷеъ ба як қатор масъалаҳо, аз  ҷумла дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳкими рушди институтсионалии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал, бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон, таваҷҷуҳи хоса ба соддагардонии низоми андозбандӣ ва такмили маъмурикунонии андоз, таҳия ва роҳандозии Кодекси  андози дар таҳрири нав, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳалли мушкилот дар раванди баррасии фаъолияти корхонаҳои мамлакат бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, сатҳу сифати иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ ибрози назар намуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута супоришҳои дахлдор дода шуд.