Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рȳзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
54

22-юми ноябри соли 2019 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рȳзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли кормандон баргузор шуд, ки он бо сухани муқаддимавии Муовини якуми Раиси Кумита Шараф Шерализода ифтитоҳ ёфт. 

Дар суханронии худ Муовини якуми Раиси Кумита Шараф Шерализода сараввал ҳозиринро ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату умри дароз, бахту саодат, хонаободию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро орзу намуданд.

Баъдан, ба хусус қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ - ин баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

            

Ҳамзамон иброз доштанд, ки парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Сипас, сардори Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо – Ҳақназарзода Комил Сайдулло дар мавзȳи "Парчам рамзи иттиҳод ва истиқлоли миллат" маърȳзаи пурмазмун намуда, аз таърихи пайдоиши парчам, ҳифзу муқаддас доштани он, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун муҳиматарин муқаддасоти давлат ба таври муфассал суханронӣ намуд.


Дар фарҷоми маҷлис Муовини якуми Раиси Кумита Шараф Шерализода ҳамзамон хотирнишон намуданд, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, қарзи шаҳрвандии мост. Ҳамеша ва дар ҳама ҷой онҳоро бояд гиромӣ дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштан бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ - бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.


Ба ин васила бори дигар ба ҳозирин иқболи нек, сарбаландию хонаободӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неку созанда пешрафту комёбиро изҳор намуд.