Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе»

0
291


Санаи 12 декабри соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

                      

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи техникаи маишии «Артел»-и Ӯзбекистон дар моҳи августи соли 2018 ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ҳамкориро бо ширкати «Artel Engineering and Management» -и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда, соли ҷорӣ корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс»-ро дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50 фоизӣ ташкил доданд.

Тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ варианти истеҳсолот дар ду марҳила, дар марҳилаи якум истеҳсоли чангкашак ва обгармкунак ва дар марҳилаи дуюм истеҳсоли телевизор ва мошинаи либосшӯӣ интихоб карда шудааст.


                      

Дар баробари ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар марҳилаҳои минбаъда маҳсулоти корхонаи муштарак ба ҳамсоякишвари Афғонистон содирот карда мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар ҳолати татбиқи пурраи лоиҳа барои аҳолии маҳаллӣ 175 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.

                    

Иқдоми пешгирифта ба амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мусоидат намуда, аз ҳадафи чоруми миллӣ дар самти саноатикунонии кишвар асос ёфтааст.