Бардошт аз рафти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
206


Санаи 26 декабр дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шабакаи телевизионй шунида шуд.

Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад

Аз ҷумла, Пешвои миллат кайд намуданд, ки ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад

Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  зикр намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.

Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.

 Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.

Вобаста ба ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд.