Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

0
142



27 декабри соли 2019 дар толори калони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони 25 мақомоти санҷишӣ, мақомоти прокуратура, Палатаи ҳисоб, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, Бонки миллӣ, намояндагони шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои татбиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва соҳаи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 25 адад кам гардида, шумораи санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 то 48 фоиз кам ба назар мерасад. Дар навбати худ, дар 9 моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ 38 515 санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 маротиба кам мебошад.

Дар рафти ҷаласа тибқи қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, номгӯи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2020, ки аз ҷониби 25 мақомои санҷишӣ мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда буд, мувофиқа ва тасдиқ карда шуд. 

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тағйир меёбанд, корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд, барҳам мехӯранд, ё ин ки шакли ташкилию ҳуқуқиашонро тағйир медиҳанд, ки зарурати таҷдиди назар намудани Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро мунтазам тақозо менамояд. Бинобар ин, дар ҷаласаи Шӯро тибқи пешниҳоди Агентии омор нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ҷиҳати бархӯрдор намудани онҳо аз қонунгузории мораторий ба санҷишҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон (махзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо) дар доираи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.