Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2019

0
174

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро дар соли 2019 ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи босамари амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ равона намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 зикр гардидаанд, бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 тасдиқ карда шудааст, як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Аз ҷониби Кумита 112 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуданд, ки аз онҳо 62 санад тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва 50 санад дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳо қарор доранд.

Бо мақсади шаффоф, дастрас ва камхарҷ намудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон, дар доираи 300 рӯзи ислоҳот, маркази “Равзанаи ягона” таъсис дода шуд, ки он ба тариқи реҷаи мустақим (онлайн) ба мизоҷон ва соҳибкорони шаҳри Душанбе хизмат мерасонад.

Инчунин, дар доираи 300 рузи ислоҳот «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи пилотӣ ба кор шурӯъ кард.

Ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва пайдо намудани шарики тиҷоратӣ аз ҷониби Кумита портали интерактивии www.b2b.tj соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ташкил карда шуд, ки барои дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ, рушди фаъолияти онҳо, тақвияти содирот ва ҷалби сармояи мустақим мусоидат мекунад.

Дар натиҷа барои фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ, баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ, суръат бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Раванди ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда дар давраи ҳисоботӣ имкон дод, ки 7 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуданд.

Маҷмӯан дар доираи созишномаҳои сармоягузории номбаршуда 8 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо наздики 2,4 млрд. сомонӣ сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 65 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 32,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,9 млрд. сомонӣ ё 52,6 фоиз, маблағҳои грантӣ 13,6 млрд. сомонӣ ё 42,4 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ ё 4,4 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 190,7 млн. сомонӣ ё 0,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3,16 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар соли ҷорӣ воридоти сармояи мустақими хориҷӣ 3,3 млрд. сомониро (345.8 млн. доллар) ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Баҳри татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 8 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардида, дар асоси онҳо 1948 субъекти соҳибкорӣ аз қонунгузории мораторий бархурдор гардида, ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда шуданд, ки 24 соҳаҳои истеҳсолии кишварро дар бар мегирад.

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, дар Кумита Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҳисоби намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияи соҳибкорон, сармоягузорон, шарикони рушд ва коршиносони сатҳи миллӣ таъсис дода шуд.

Дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ беш аз 100 намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар иштирок намуда, масъалаҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар самти андозбандиро мавриди муҳокима қарор доданд. Зиёда аз 200 пешниҳоди намояндагони бахши хусусӣ оид ба такмили қонунгузории андоз ба гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар назди Вазорати молия  ирсол карда шуданд.

Бо мақсади дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ ба соҳибкорони навтаъсис фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумита ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ташкил карда шуданд.

Дар соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 326,5 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ фаъолият мекунанд, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба соли 2018-ум 10,6 ҳазор адад ва ё 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ, соҳибкорони инфиродӣ 295,6 ҳазор адад дар миқёси ҷумҳурӣ мебошанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2018-ум 10,8 ҳазор адад ва ё 3,8 фоиз зиёд гардидааст.

Дар соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 25,8 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ барҳам хурдааст (аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкории барҳамхурда 24,4 ҳазор ададро соҳибкорони инфиродӣ ва 1404 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд) ва 36,4 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ таъсис ёфтааст.

Бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорӣ тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар маҷмӯъ 190 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон ба маблағи умумии 270,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботӣ 26 лоиҳа ба маблағи 50,6 млн. сомонӣ дастгирӣ шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати истифодаи босамари моликияти давлатӣ як қатор тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардид.

Дар соли 2019 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 27,5 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид, ки ин 110 фоизи нақшаи пешбинигардидаи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра, ҷиҳати истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ 972 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 46,0 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд.

Аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 8,0 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018  9 фоиз  зиёд аст.

Сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи www.investcom.tj  фаъол буда, маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузории пешбинигардида, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ дар он дастрас аст.

Бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj ва сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj ба таври доимӣ маълумот дар бораи баргузории музоядаю озмунҳо ва иҷораи амволи давлатӣ интишор мегардад.

    Ҳамзамон, дар сомонаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tjсомонаи муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” www.ppp.tjсомонаи КВД “Тоҷинвест www.tajinvest.tj ва сомонаи www.ijozat.tj маълумот оид ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин нақшаҳои солона ва номгӯйи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ҷойгир карда шудаанд.