Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
154

Имруз, 11 феврали соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода, муовини якум, муовинон, кормандони масъули Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст дар назди рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2019 аз ҷумла, оид ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти мухтасар дода шуд.

Баъдан аз ҷониби роҳбарияти Кумита, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои системаи Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба рафти татбиқи лоҳаҳои сармоягузрии давлатӣ, ҷалби сармояи мустақим, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, идораи самараноки моликияти давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ислоҳот дар низоми нархгузорӣ, таҳкими қонунгузориҳо оид ба пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, масъалаи вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои субъектҳои бахши хусусӣ, инчунин оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, ҳисоботҳои оморӣ оид ба барҳамхурии субъектҳои соҳибкорӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.

Дар охир раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҳамкориҳои судманди доимиашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки чорабинии имрӯза барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва ҳамкориҳои сермаҳсули минбаъдаи мо мусоидат хоҳад кард.