Баргузории маҷлис вобаста ба баёни нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
287


Имрӯз, 25.02.2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба баёни нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки муовини якуми раис, муовинон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои тобеи Кумита, инчунин, намояндагон аз  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми раис Шерализода Шараф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба Кумита хайрамақдам гуфт.

Сипас, дар назди ҳозирин аз ҷониби Сардори раёсати муборизаи ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Акобирзода Дилшод ва корманди Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ, Маҷидӣ Абдукарим доир ба нуқтаҳои паём ва  самти муқовимат бо корупсия бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми кори маҷлис Шараф Шерализода аз маърӯзаҳои баромадкунандагон натиҷагирӣ намуда, қайд намуд, ки кулли кормандони Кумита дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.