Баргузории ҷаласаи Шарҳи навбатии муштараки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд

0
149

Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони асосии рушди кишвар Шарҳи муштараки маҷмӯъи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд. Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинии мазкур аз он иборат аст, ки раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӢ мавриди таҳлил Қарор дода шуда, мушкилот ва норасогиҳое, ки дар доираи лоиҳаҳо ҷой доранд, бартараф карда шаванд.    

Вобаста ба ин, санаи 10 марти соли 2020 Шарҳи навбатии муштараки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи мазкур, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва масъулони намояндагии доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагон  аз вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ва агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ширкат варзиданд.


Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем, ки дар татбиқи он саҳми шарикони рушд алалхусус Бонки Осиёгии Рушд назаррас мебошад.   

         Аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд дар ҷумҳуриямон дар доираи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат даҳҳо лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар амалӣ мегарданд, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли соли 2020 бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд, дигар созмонҳои молиявӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 840 миллион доллар барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, инфрасохтор, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, обтаъминкунӣ, сайёҳӣ, гумрук, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди татбиқ қарор доранд.

Дар соли 2019-ум бо Бонк барои амалӣ намудани 2 лоиҳаи афзалиятноки кишвар ба маблағи 120,0 миллион доллар созишномаҳои грантӣ ба имзо расонида шуданд.

Дар ҷаласаи мазкур сарравал тибқи барнома гузориши масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳо муаррифӣ гардид.

Инчунин, вобаста ба рафти амалисозии лоиҳаҳо, дастовардҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби БОР маблағгузоришаванда шунида шуд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур бо назардошти саҳми арзандаи лоиҳаҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва дастовардҳо дар ин самт, баъзе аз лоиҳаҳо бо шаҳодатномаи созмони маблағгузор  қадрдонӣ карда шудаанд.

Аз натиҷаҳои чорабинӣ ҳисоботи муфассал бо пешниҳодҳои мушаххас ва нақшаи амали муштарак бо дарҷи камбудию норасогиҳо ва мушкилоти ҷойдошта омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.