Баргузории маҷлис дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
164

Санаи 10 марти соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми раис, кормандони дастгоҳи марказии Кумита инчунин, намояндагон аз  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйири Кодекси андоз маҷлис баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муаррифномаҳо аз ҷониби сардори шуъбаи такмили қонунгузории андозии Кумитаи андоз - Вазиров Собирҷон дар мавзӯи “Низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори раёсати назорати андози Кумитаи андоз, Халифазода Аҳтам вобаста ба “Назорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути рӯнамо ба ҳозирин манзур карда шуданд. 

Пас аз муаррифнома ва шарҳи рӯнамоҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу посухҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор ба роҳ монда шуд.

Дар фарҷоми кори маҷлис муовини якуми раиси Кумита Шараф Шерализода ва Маликзода Нарзулло муовини раиси Кумитаи андоз аз маърӯзаҳои баромадкунандагон натиҷагирӣ намуда, баргузории чунин маҷлисҳоро муфид ва самарабахш арзёбӣ намуданд.