Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ

0
253

Санаи 18 марти соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» баргузор гардид.


Сохтмон ва бунёди корхона пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ шуда, иқтидори истеҳсолии он 50 миллион дона халта дар як сол ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ бошад, беш аз  10,5 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Ба истифода додани корхона ва ба фаъолият шурӯъ намудани он ба иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ба иқтисодиёти мамлакат ва буҷети давлат таъсири мусбӣ мерасонад.  

Татбиқшавии Созишномаи болозикр бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумииллии кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

Иқдоми пешгирифта ба амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мусоидат намуда, аз ҳадафи чоруми миллӣ дар самти саноатикунонии кишвар асос ёфтааст.

Рафти амалишавии Созишномаи болозикр ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, мусоидат хоҳад кард.