Интиқоли маблағ ба суратҳисоби бонкии хайриявии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия

0
66

Роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторию ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат дар мубориза бо вируси сироятии нави коронавирус “СOVID−19” ва амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии он дар кишвар аз ҳисоби музди меҳнати худ ба суратҳисоби хайриявии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ба маблағи 104 500 сомонӣ интиқол доданд. 

Ҳамчунон, Кумита бо тасмим маълум менамоянд, ки ин иқдом маврид ба маврид идома хоҳад ёфт.