Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

0
62

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

Май 30, 2020 12:34


30.05.2020, ноҳияи Данғара

Ҳозирини муҳтарам!

Бо дарназардошти он, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар мебошад, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат – таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

То имрӯз дар натиҷаи амалисозии даҳҳо лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият додани фаъолнокии иқтисодии мардуми вилоят ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои он заминаи мустаҳкам гузошта шуд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки вилояти Хатлон дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90 –уми асри гузашта маркази даргириҳо буд ва ҳисороти ниҳоят сангини ҷонӣ ва иқтисодиву молиявӣ дид.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо афзоиши 7,4 фоиз ба 19,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,4 фоизро ташкил кардааст, аммо иқтидорҳои мавҷуда дар вилоят ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Суръати рушди саноати вилоят дар соли 2019 –ум 13,2 фоиз ва дар чор моҳи соли 2020 –ум 9,7 фоизро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан 0,4 ва 5,6 банди фоизӣ камтар аст.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти начандон қаноатбахши низоми коркарди ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, рақобатнокии нисбатан пасти маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда метавонад дар навбати аввал, ба корхонаҳои амалкунанда таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳамкориро бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ тақвият бахшида, ҷиҳати самаранок истифода кардани захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвияти корҳо дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2019 нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале дар чор моҳи соли 2020 иҷрои 4 намуди андоз таъмин нашудааст. Тамоюли пастравии ин нишондиҳанда ба сатҳи иҷтимоии вилоят таъсири манфӣ мерасонад, чунки қариб 90 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз бояд камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Дар шароити имрӯза бинобар иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нишондиҳандаҳои қабулшуда, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фарогирии пурраи амалиёти молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ, ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав ва бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро тартиб дода, фаъолияти ин корхонаҳоро бо дарназардошти сикли пурраи истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бисёр муҳим аст, ки дар самти васеъ ба роҳ мондани шарикии давлат бо бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Аммо дар моҳҳои январ – апрели соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 9,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки чунин вазъ ҳанӯз ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест.

Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар чунин вазъ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва навсозии технологии инҳо ҷиҳати ташкили истеҳсоли намудҳои наву рақобатноки маҳсулот роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва корхонаҳои нави саноатиро таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузории онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд ва фаъолияти онҳо дар давоми сол аз рӯи ин нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешавад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 доир ба корҳои дар самтҳои зикршуда иҷрогардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби технологияҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, рақобатнокии он баланд бардошта шавад.

Дар вилоят маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Ҷиҳати ба кор даровардани силсилаи пурраи истеҳсолии то маҳсулоти дӯзандагӣ коркард кардани нахи пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай – Данғара” то сентябри соли 2021, яъне то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ масъулинро зарур аст, ки ҷараёни корҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Гарчанде дар вилоят ҷамъоварии пахта назар ба соли 2018 –ум 49 фоиз афзоиш ёфтааст, зарур аст, ки ҷараёни кишт ва агротехникаи парвариши он бо истифода аз усулҳои муосир ва кишти пунбадонаи ба иқлими кишвар мутобиқ ба роҳ монда шавад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии вилоят, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2019 кишоварзони вилоят дар майдони 422 ҳазор гектар кишт гузаронида, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 –ум 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 70 ва 30 фоизро ташкил кард.

Ҳарчанд ки дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо моро ҳанӯз қонеъ гардонида наметавонанд.

Кишти зироатҳои баҳорӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 назар ба дурнамо 5,2 фоиз кам буда, бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 фоиз кишти такрории ғалладонагӣ ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд.

Инчунин оид ба корҳои иҷрошуда, аз ҷумла доир ба вазъи иҷрои супоришҳои иловатан додашуда дар хусуси зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва афзоиш додани кишти ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва картошка ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, бунёди иншооти нигоҳдорӣ ва коркарду бастабандии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир барои истеъмоли дохилӣ ва барои содирот бояд ба роҳ монда шавад.

Соли 2019 аз вилоят ба хориҷи кишвар 90 ҳазор тонна пиёз ва қариб 9 ҳазор тонна мева содирот шуда буд. Ба санаи 26 майи соли 2020 –ум 36300 тонна пиёз содирот гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аммо аз ҳаҷми умумии пиёзи истеҳсолшуда ҳамагӣ 15 фоиз ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Маълум мешавад, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус талаботи кишварҳои шарики асосии тиҷоратиамон ба сабзавоту меваи барвақтӣ, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза беш аз пеш афзуда истодааст.

Ман ҳанӯз соли гузашта дар мулоқот бо шумо – роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон супориш дода будам, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, инчунин, коркарди онҳо чораҷӯӣ намуда, ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот мунтазам тақвият бахшида, ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа бамаротиб зиёд карда шавад.

Аммо то ҳол дар ҳудуди вилоят корҳо ҷиҳати ташкили маркази логистикӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва иншооти борфарориву боркунӣ дар назди роҳҳои оҳан ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода мешавад, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини мунтазами бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.

Аз ин лиҳоз, кишоварзони вилоят ва умуман, тамоми кишварро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминҳоро таъмин ва барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёдтар ва талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал таъмин намоянд.

Соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 –ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Итминон дорам, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар замони истиқлол ҳазорҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Фақат дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 3,1 миллиард сомонӣ сармоя равона карда, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 12800 ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ бо 365 ҷой, дармонгоҳҳо барои 913 қабул ва шифохонаҳо бо 300 кат ба кор андохта шуда, дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки назоратро ҷиҳати азхудкунии саривақтиву мақсадноки маблағи лоиҳаҳо, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооти пешбинишуда ва минбаъд самаранок истифода кардани онҳо пурзӯр намоянд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ дар вилоят бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ бунёду азнавсозии 112 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят 100 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти иқтидорҳои дар вилоят мавҷуда умуман қонеъкунанда нест.

Дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо бо дарназардошти таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳон ва минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро таҳти назорати доимӣ қарор дода, самаранокии кори онҳоро ҳамасола арзёбӣ кунанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар ҳисобот манзур намоянд.

Инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, ба шуғл фаро гирифтани мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, дар муҳлатҳои пешбинишуда татбиқ намудани лоиҳаҳо ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, вусъат додани корҳо дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят зарур аст, то ки ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот боз ҳам осон ва хароҷоти роҳ кам карда шавад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Муъминобод идома дошта, кор дар самти лоиҳакашӣ ва оғози бунёди роҳҳои Ҳулбук – Темурмалик, Кӯлоб – Муъминобод, Бохтар – Данғара – Кӯлоб, Бохтар – Носири Хусрав ва роҳҳои дигар идома дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт мебошад, мо рушди соҳаи илму маорифро дар доираи даҳ афзалияти асосӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян кардаем.

Масалан, дар доираи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, бунёди 566 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки корҳо дар ин самт ҳоло ҳам ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.

Дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ дар доираи иҷрои барномаи мазкур 12 ҳазор ҷойи нишаст ва 365 ҷой дар муассисаҳои томактабӣ таъсис дода шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ нарасидани ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят то ба ҳол масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи зикршударо таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки, хусусан, дар шароити имрӯза ниҳоят мубрам гардидааст.

Ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят аз 892 ба 1668, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 расидааст. Аммо ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ зарур аст, ки ба ин масъала, яъне бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он – мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда буданд.

Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад. Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 – 2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор месозам, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои куллан беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Тавре ки вақтҳои охир дар чандин мулоқоту суханрониҳои худ борҳо таъкид кардам, ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди бемории коронавирус мубориза мебаранд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар ба пешравиҳои муайян ноил шуда истодаанд. Сокинони кишвари мо низ мушоҳида мекунанд, ки дар натиҷаи кӯшишҳои якҷояи Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва дастгирии мардум шиддати паҳншавии вирус хеле паст гардид. Бо вуҷуди ин, мо бояд минбаъд низ қоидаҳои тозагӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунем.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳарвақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба гирифторони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш ва тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои фаврии иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати беморонро зери назорати қатъӣ гирифта, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастҷамъона ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамчунин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва ҷубронпулию кумакпулиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешниҳоди сабукиҳо ҳангоми додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони истеҳсолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Умедворам, ки кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон барои рушди давлати соҳибихтиёри худ дучанд заҳмат мекашанд ва дар пешрафти кишвар чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, махсусан, кишоварзон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд хонаи обод, иқболи нек ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!