Баргузории видеоконфронс бо доираҳои соҳибкорию сармоягузории соҳаи саноати нассоҷии Ҷумҳурии Корея

0
90

Санаи 29 июни соли 2020 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва бо ҷалби намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, намояндаи Ташкилоти рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO), Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҶДММ “Kota Global” ва дигар соҳибкорону сармоягузорони соҳаи нассоҷии Тоҷикистону Корея бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду кишвар, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт видеоконфронс баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои соҳибкорону сармоягузорони Корея рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти саноати нассоҷӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, директори ҶДММ “Кота Глобал” ҷаноби Ким Ҷунг Бок ба иштирокдорони ҷаласа вобаста ба таҷрибаи муваффақи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои ҳавасманди сармоягузории кишвари хеш даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонӣ ва дастгири соҳибкорону сармоягузорон фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Аз натиҷаи баргузории чорабинӣ роҳбари Ассотсиатсияи нассоҷии Корея хонум Огеюм иброз намуд, ки дар мавриди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологии вобаста ба падемияи коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон, омодааст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории соҳаи нассоҷии Кореяро охири моҳи июли соли ҷорӣ ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.

Дар маҷмӯъ, видеоконфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, масъалаҳои зикргардида бо истифода аз имконоти васеъ ҷиҳати иртибот ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.