Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

0
54

Санаи 23 июни соли 2020 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор карда шуд. 
Дар ҷаласа, муовини Раиси Шӯро - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро - вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва даъватшудагон – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳо оид ба пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳисоботи омориро оид ба истеҳсолот месупоранд ва тағйир додани нақшаи санҷишии мақомоти санҷишӣ дар соли 2020 бо дар назар доштани паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шуд, ки ҳамарӯза шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тағйир меёбанд, корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд, барҳам мехӯранд ё шакли ташкилию ҳуқуқиашонро тағйир медиҳанд, ки зарурати таҷдиди назар намудани Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро мунтазам тақозо менамояд.
Дар ин замина, бо мақсади татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тибқи қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо назардошти ворид ва хориҷ гардидани субъектҳо аз Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ рӯйхати ниҳоии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳисоботи омориро оид ба истеҳсолот месупоранд, дар Феҳрист 1951 субъект муайян карда шуд.
Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои дахлдори Шӯро мақомоти санҷишӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ҷиҳати кам намудани санҷишҳои нақшавии худ дар соли 2020 вобаста ба тағйирёбии дараҷаҳои таваккали субъектҳои хоҷагидор бо дар назар доштани таъсири паҳншавии бемории сироятии - COVID-19 ба иқтисоди миллӣ, таъмини фаъолияти муътадили соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал чораандешӣ намуда, нақшаҳои такмилдодашударо ба котиботи Шӯро пешниҳод намоянд.