Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

0
191

Санаи 28 июли соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, муовини якум, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, роҳбарони корхонаҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.

Нахуст, Раиси Кумита кори нишастро оғоз намуда, изҳор доштанд, ки то ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди бемории коронавирус мубориза мебаранд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар ба пешравиҳои муайян ноил шуда истодаанд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашудаи Ҳукумат, кӯшишҳои сохторҳои давлатӣ ва дастгирии мардум шиддати паҳншавии вирус то андозае паст гардида истодааст ва дар баробари ин риояи қоидаҳои тозагӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибон ниҳоят муҳим мебошанд.

Ҳамчунин, ба хабарнигорон оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, ки якҷоя бо вазорату идораҳо равона намуда буданд маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

Изҳор доштанд, ки аз ҷониби Кумита 67 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд, ки аз онҳо 31 санад тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва 36 санад дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳо қарор доранд.

Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бошад, мониторинги амалишавии 66 лоиҳа ба маблағи умумии 36,1 млрд. сомонӣ ба роҳ монда шуд.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2020 бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошад. 

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда           1,2 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 93 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Дар давраи ҳисоботии соли 2020 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи 12 лоиҳаи афзалиятнок бо шарикони рушд 15 созишномаи нав ба маблағи умумии 6 млрд. сомонӣ  ба имзо расонида шудааст, ки аз он 3,7 млрд. сомонӣ  ё 61,5 фоиз маблағҳои грантӣ ва 2,3 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзиро ташкил медиҳад.

Кумита бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита тибқи тартиби муқарраргадида бо роҳбарияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дарёфти маблағҳои молиявӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ гуфтушунидро гузаронида истодааст, ки дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 июли соли 2020 ҷиҳати дастгирии буҷети давлатӣ ва пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 бо шарикони асосии рушд ҷалби маблағҳо дар ҳаҷми 255 млн. доллар ба мувофиқа расида, то ин давра 202,3 млн. доллар дастрас гардидааст.

Зикр гардид, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 марти соли 2020 аз ҷониби Кумита «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» ба имзо расонида шуд, ки тибқи ҳуҷҷати мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ба маблағи 100 млн. сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад ва дар он 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва баррасии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ давоми нимсоли якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Кумита бо доираи сармоягузорони кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия, Корея ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса видеконфронси мустақим анҷом дода шуда, дар рафти он вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои аз лиҳози иқтисодӣ афзалиятнок ва манфиатдор музокирот анҷом дода шуд.

Дар мавриди амалигардонии созишномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ қайд карда шуд, ки бинобар сабаби паҳншавии сирояти COVID-19 дар ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои вобаста ба ҳамлу нақли таҷҳизотҳои зарурӣ ба як қатор лоиҳаҳое, ки татбиқи онҳо дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, таъсир расонида истодааст. Аммо новобаста ба вазъияти баамаломада Кумита бо мақсади коҳиш додани таъсири вазъияти баамаломада ба иқтисодиёти мамлакат ва раванди сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро дар самти амалигардонии иқдомҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки фаъолияти хешро дар ҷумҳурӣ идома дода истодаанд, тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо иброз гардид, ки мониторинги татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.

Бо мақсади пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва дар ин замина қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат мавриди амал қарор дода шуд. 

Дар асоси санадҳои қабулгардида гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин субъектҳои соҳибкории кишвар аз имтиёзҳои гуногун, дар самти андозиву гумрукӣ, қарзиву молиявӣ, бонкӣ, иҷораи моликияти давлатӣ ва ғайра дар давра баҳраманд гардида истодаанд.

Тибқи қарорҳои Шӯрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба 12 субъекти соҳибкорӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 33,75 млн. сомонӣ қарзи имтиёзноки давлатӣ ҷудо карда шудааст.

Бо мақсади коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда, тариқи низоми электронӣ ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо пешниҳоди Кумита лоиҳаи Қонун  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 4 июли соли 2020  қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки дар доираи он шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда ба 3 адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба 17 адад ё 22,6 фоиз кам гардида, асос барои ба роҳ мондаи низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар рафти кори нишаст инчунин оид ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки бо мақсади татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардида ва қарорҳои қабул кардашуда маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки баҳри истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бо қарорҳои дахлдори Кумита 1889 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 85,6 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд 

Ба ҳолати 1 июли соли 2020 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 12,6 млн. сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 5,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52 фоиз ё ин ки ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад

Сипас аз ҷониби роҳбарияти Кумита, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои системаи Кумита ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба рафти татбиқи лоҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ҷалби сармояи мустақим, оид ба имтиёзҳои пешниҳодшуда ба соҳибкорон дар вазъияти баамаломада, ҳисоботҳои оморӣ оид ба барҳамхурии субъектҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ислоҳот дар низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор посухҳои мушаххас дода шуданд.

Дар фарҷом, нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Кумита ҷамъбаст гардида, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҳамкориҳои судманди доимиашон изҳори миннатдорӣ ва барору комёбиҳо баён гардид.