Баимзорасонии Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ассотсиатсия “KOSHUMA”-и Ҷумҳурии Корея

0
190

Санаи 18 августи соли 2020 байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ассотсиатсия “KOSHUMA” (Korean Smart Technology Association) Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Дар назар аст, ки дар заминаи Ёддошти ҳусни тафоҳуми мазкур ба иқтисодиёти кишвар сармоя кореягӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки беш 180 ширкатҳои бонуфузӣ кореягӣ истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир (дар соҳаи сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ) аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан санаи 29 июни соли 2020 Кумита дар дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва бо ҷалби намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, намояндаи Ташкилоти рушди саноати Созмони Миллали Муттаҳид (UNIDO), Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҶДММ “Kota Global” ва дигар соҳибкорону сармоягузорони соҳаи нассоҷии Тоҷикистону Корея бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду кишвар, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт видеоконфронс баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод карда шуд.

Дар ҷаласаи болозикр ҷониби Корея ба иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда қайд карда буд, ки ният доранд то охири моҳи июли соли ҷорӣ бо як ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея ба Тоҷикистон ташриф намоянд.

Вобаста ба ин ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои болозикр шурӯъ аз санаи 23 июли то ҳол ҳайат бонуфузи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар кишвар қарор дошта бо мақомотҳои давлатӣ ва ширкатҳои ватанӣ мулоқоту гуфтушунидҳои дахлдор гузаронида истодаанд.