Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

0
145

Имрӯз, 7-уми сентябри соли 2020 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматулло Неъматуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷуразода Кабирӣ ва Раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода, муовини якум, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, роҳбарони корхонаҳои системаи Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумита маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош ва ташрифи меҳмононро ба Кумита хайрамақдам гуфт.

Изҳор гардид, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматулло Неъматуллозода  баромад намуда, маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро барои ҳар як мукофотгиранда табрику муборакбод намуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се нафар кормандони Кумита, Қурбонзода Сафаралӣ - сардори раёсати ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо ва Абдухолиқ Холиқзода - директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, Ҷавоҳирлал Музаффарӣ – муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” барои хизмати намунавии давлатӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар  фарҷоми  маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  Ҳамрализода Фаррух  бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар  рушду пешрафти мамлакат аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Толҷикистон  бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.