Баргузории ҷаласаи Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Фаронса

0
80

Бо мақсади пайгирии натиҷаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса дар моҳи ноябри соли 2019, санаи 11 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) ба тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир карда шуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусии Тоҷикистону Фаронса иштирок намуданд. 

Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

Роҳбарияти MEDEF иброз намуд, ки дар мавриди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологии вобаста ба падемияи коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон, омодааст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Фаронсаро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.

Дар маҷмӯъ, видеоконфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.