Баргузории давраи омӯзишӣ оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо

0
121

Рӯзҳои 14-18 сентябри соли ҷорӣ дар маҷмааи «Душанбе Плаза»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмиллалии Бритонияи Кабир давраи омӯзишӣ оид ба омодасозии асосноккунии пешакии техникӣ иқтисодии лоиҳаҳо баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани таҷриба ва малакаи соҳибкорон тавассути мақомоти марбута барои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад.

Дар давраи омӯзишии мазкур беш аз 30 нафар, аз ҷумла кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ барои омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Ба иштирокчиён аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Сертач Йенер, Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодии Департменти рушди ҳамкориҳои байналмилалии Британияи Кабир ва  масъулини Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна тарзи таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷалби сармоя омӯзонида шуд.