Баргузории ҷаласаи 2-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

0
58

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 2-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд. 


Дар ҷаласа масъалаҳои омодасозии лоиҳаи таҳлил ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа баррасӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 октябр Рӯзи соҳибкорон эълон гардида, ҳамасола ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад.Имсол бинобар сабаби пайдоиш ва паҳншавии пандемияи коронавирус, баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн то андозае маҳдуд гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи 2-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” баргузор мешавад.

Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои асосӣ Вазири саноат ва технологияҳои нав - Файзуллозода Заробиддин, муовини Сардори Хадамоти алоқа - Илҳом Атоев гузориш дода, инчунин роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Ян Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - Сезин Синаноглу, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - Пратибха Меҳта, директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” - Дилшод Ҷуразода, муассис ва раиси ҶСК “Алиф Бонк” - Абдулло Қурбонов, намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯро, Роҳбари ҶСП “Комбинати шири Кӯлоб” - Бозоралӣ Одина  баромад намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат ба шумор рафта, истифодаи васеи он дар шароити кунунии паҳншавии пандемияи коронавирус боз ҳам муҳимтар гашта истодааст. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, омузиши вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа, аз ҷумла саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати маъдан ва дар ин замина рушди истеҳсолоти миллӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъмини шароити лозимӣ барои рушди истеҳсолоти дохилӣ, то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонидани захираҳои дохилӣ - ашёи хоми мавҷуда муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои баёнгардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.