Видеоконфронс бо Сандуқи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати ACWA Power ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
122

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо ҷалби масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар видеоконфронс бо Сандуқи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати ACWA Power ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ва ҶСК  «НБО Роғун» барои иштирокчиёнӣ чорабинӣ рӯнамоҳо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва имкониятҳои соҳаи энергетикаи кишвар пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон дар мулоқот бо ҳайати роҳбарии Сандуқи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати ACWA Power, лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохтории кишвар васеъ муаррифӣ карда шуда, аз ҷониби саудӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Дар маҷмӯъ, видеоконфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ робитаи доимӣ ва мубодилаи маълумотро дар бораи лоиҳаҳои пешниҳодшуда идома диҳанд.