Вохурӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея

0
102

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарияти Минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Кулоб”вохурӣ бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду кишвар, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт баргузор карда шуд.

Аз ҷониби масъулини Кумита ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии мазкур имкониятҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории онҳо васеъ муаррифӣ карда шуда, аз ҷониби кореягӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон, зимни ҷаласаи мазкур байни МОИ “Кулоб” ва Ассотсиатсияи “Korean Smart Technology Association”-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Дар назар аст, ки дар заминаи Ёддошти ҳусни тафоҳуми мазкур ба МОИ “Кулоб” сармоя кореягӣ ҷиҳати ташкили технопарки муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.