Ҷаласа оид ба таҷлили Рӯзи Президент

0
81

Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаи системаи Кумита, инчунин Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар ҷаласа қайд гардид, ки кишвари мо бо баракати сиёсати хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол зеботару шукуфотар гардида, аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ бо суръат рушд мекунад ва обрую эътибор ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ рӯзафзун боло меравад.

Дар чорабинӣ Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо дар мавзӯи “Асосҳои конситутсионии шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муфассал баромад намуд.

Баъд аз суханрониҳо бахши саволу ҷавоб мавриди баррасӣ сурат гирифт, ки дар он иштирокчиёни чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар охир Раисикунанда ба муносибати ин санаи муҳими таърихиву сарнавиштсоз, яъне таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро самимона муборакбод гуфта, барояшон фазои орому осоиштаи ҳамешагӣ, файзу баракат  ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзунро таманно намуд.