Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ

0
146

Имрӯз, 29 декабри соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷамъияти дорои масълуияти маҳдуди «Композит Т.А.» дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани корхонаи саноатӣ дар шаҳри Душанберо бо сармоягузории умумии 8,0 млн. доллари ИМА ба нақша гирифтааст.

Тибқи нақша корхонаи мазкур дар майдони 4 гектар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км. қубурро ташкил медиҳад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз 300мм то 3000мм-ро ташкил менамоянд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин хоҳанд шуд. 

Татбиқшавии лоиҳаи созишномаи мазкур дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидат намуда, бо ин васила ба таҳкими иқтидори саноатии кишвар замина мегузорд.