Баргузории мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи “Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо иштироки намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд

0
90

Санаи 28 декабри соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи “Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо иштироки намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, энергетикҳо, мусоидат ва рушди сайёҳӣ, боркашонии автомобилии “АББАТ”, ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори катбону, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон, соҳибкорони ватанӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ва дигар коршиносону мутахассисон иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Шерализода Шараф ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Гурўҳи кории байниидоравии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардидааст. Ҳадаф аз ташкили мизи мудаввари имрўза муарифии лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва ҷамъоварӣ намудани пешниҳодоти бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати мукамммал намудани он мебошад.

Сипас, аз ҷониби муовини сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумита Вализода П. лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тариқи рунамо ба иштирокчиёни мизи мудаввар пешкаш карда шуд.

Аз ҷониби маърӯзачӣ қайд гардид, ки лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некўаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.

Лоиҳаи мазкур бо назардошти натиҷаҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, камбудиҳо ва сабақҳои андухта, таклифу пешниҳодҳо ва тадқиқотҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузаронидашуда, натиҷаҳои пурсишҳои соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷумҳурӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо таҳия гардидааст.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии Барнома - таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои расидан ба ҳадафи мазкур як қатор вазифаҳои зарурӣ дар доираи Барнома амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла такмили конунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон.

Самтҳои асосие, ки Барнома равона карда мешаванд инҳо мебошанд:

1.      Ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

2.      Ташкил ва рушди механизмҳои самаранок барои ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор

3.      Бунёди инфрасохтори замонавӣ ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ

         Пас аз анҷоми муарифии лоиҳа фикру мулоҳиза, таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни мизи мудаввар шунида шуд. Вобаста ба лоиҳаи Барнома намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.