Кумаки моддӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
87

Дар партави дастуру ҳидоятҳо ва дар амал татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони ятими мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кумаки моддӣ, аз ҷумла матрас, кӯрпа, болишт, маҷмӯӣ рахт, пойафзол ва туҳфаҳои солинавӣ, расонида шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супоридани кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакони ятим қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад ва ин иқдом минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.