Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
188

Санаи 30 декабри соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Кумита мӯҳтарам Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар рафти мулоқот Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ ба ҷаноби Мишел Тарран роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот доданд.

Тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамзамон дар соли 2021 ташкил намудани сафари ҳайати сармоягузорони Фаронса ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ва ташкили Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар Париж ба мувофиқа расиданд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрии болозикр дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, масъалаҳои зикргардида бо истифода аз имконоти васеъ ҷиҳати иртибот ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.