Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
126

Санаи 16 феврали соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020, нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангимурод, муовини якум, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, роҳбарони корхонаҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.

Дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби Раиси Кумита вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2020, аз ҷумла иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани беҳсозии фазои сармоягузорӣ, татбиқи босуръати лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, идораи самараноки амволи давлатӣ ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти зарурӣ дода шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба рафти татбиқи лоҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ҷалб ва воридоти сармояи мустақим, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, идораи самараноки моликияти давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, таҳкими қонунгузориҳо оид ба пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, масъалаи вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои субъектҳои бахши хусусӣ, инчунин оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар ҷумҳурӣ, баргузории форумҳои соҳибкорон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав посухҳои мушаххас дода шуданд.