Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон

0
180

Санаи 18 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Скляр Роман Василевич ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласаи Комиссия аз ҷониби Ҳамраисон ба мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории ду давлат барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ва муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин замина тақвият додани ҳамкориҳои судманд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқисоди сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд. 

Аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи мазкур Протоколи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчубаи кори ҷаласаи мазкур санаи 15 март ҷаласаи 3-юми гуруҳи корӣ оид ба баланд бардоштани гардиши савдои байни Тоҷикистону Қазоқистон ва 16 март Форуми сармоягузрии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор карда шуд.