Баргузории чорабинӣ ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз

0
240

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумита Қодирзода С. С. зимни иштирок дар чорабинӣ, ҳамаи кормандони Кумитаро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, ки паёмовари боҳори нозанин мебошад, табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин тандурустиву офияти рӯзгор, оромиву осоиш¸ хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти босамару пурмасъулият барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.

Қайд гардид, ки бо майлу ташаббуси фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯз дар саросари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ҷузъи тамаддуни   умумибашарӣ, тантанаи шукуфоию сарсабзӣ ва пирӯзии нур бар зулмот таҷлил мегардад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад”.

Воқеан, барои миллати сарбаланди тоҷик Наврӯз ҳамчун навиди баҳору сарсабзӣ ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз қадами устувор дар худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик буда, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат ҷовидонагии он чун қадимтарин ҷашни ҷаҳон дар пайванди ногустаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон-зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ, бахусус камоли маънавии инсон, вобаста мебошад.

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо буда, фарорасии он аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.

Дар охир, Раиси Кумита Қодирзода С.С. фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба иштирокчиёни чорабинӣ муборакбод гуфта, орзу намуд, ки Соли нави миллӣ ба хонадони ҳар сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол файзу баракати фаровон, хотираи ҷамъу осудагӣ, ободию шукуфоӣ ва фатҳу зафарҳои нав ба нав оварад.