Мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
65

Санаи 2 апрели соли 2021, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кит Симмонс баргузор гардид.


Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои кунунӣ ва имкониятҳои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Бо назардошти ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши воридоти сармоя, ҷонибҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ роҳандозии чораҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеа ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.