Баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ

Баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ

Санаи 29 майи соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор карда шуд.

Тибқи Созишнома Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ корхонаи сементбарориро бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар як сол бунёд менамояд ва барои амалигардонии он 30 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақимро харҷ хоҳад кард. 


29-05-2019, 09:16
Вернуться назад