Видеоконфронс бо роҳбарияти Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (MEDEF International)

Видеоконфронс бо роҳбарияти Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (MEDEF International)

Санаи 3 июли соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) видеоконфронс ташкил карда шуд.

Дар доираи ҷаласа тарафҳо вобаста ба мувофиқа расиданд, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ба тариқи видеоконфронс ҷаласаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронсаро баргузор карда шавад. 


Роҳбарияти MEDEF иброз намуд, ки дар мавриди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологии вобаста ба падемияи коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон, омодааст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Фаронсаро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.


Дар маҷмӯъ, кори ҷаласа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, масъалаҳои зикргардида бо истифода аз имконоти васеъ ҷиҳати иртибот ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.


3-07-2020, 15:24
Вернуться назад