Ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунанда дар нимсолаи якуми соли 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунанда дар нимсолаи якуми соли 2020

Санаи 16 июли соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои  амаликунанда дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.


Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд. 

Нахуст гузориши муовини якуми Раиси Кумита Шерализода Ш. доир ба рафти татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар нимсолаи якуми соли соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта, шунида шуд. 

Қайд гардид, ки айни замон ҷиҳати рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат  ба ҳолати 1 июли соли 2020 66 адад лоиҳа ба маблағи умумии 36,1 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо  23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳо доир ба рафти амалисозӣ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо шунида шуд. Инчунин раисони шаҳр ноҳияҳо, ки дар онҳо лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амали гардида истодааст, гузориш доданд.

Дар охир аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


16-07-2020, 15:00
Вернуться назад