Бардошт аз нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бардошт аз нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 26 январ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шабакаи телевизионӣ шунида шуд.

Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз аз ҷониби Пешвои миллат супориш дода шуд, ки, роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд.

Ҳамзамон, ба мақомоти зикршуда супориш дода шуд, ки минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян кардааст.

Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.

Аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Президенти мамлакат қайд карданд, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқи              15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.

Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе – Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Вобаста ба ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намуда, ҷиҳати тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ, баромад ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикиро таъмин намояд.

26-01-2021, 17:26
Вернуться назад